Машқҳои муштараки ҳарбӣ дар Қирғизистон

Апрель 23, 2015 14:16

Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тибқи нақшаи ҳамкориҳои ҳарбии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои солҳои 2014-2015 аз 21-ум то 25-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Токмоки Ҷумҳурии Қирғизистон машқҳои муштараки ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шароити кӯҳсор гузаронида мешаванд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машқҳои муштарак гурӯҳи амалиётӣ ва як ҷузъи таъйиноти махсуси қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа бо роҳбарии муовини сардори шуъбаи Раёсати амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Исмоил Ҳомидов ширкат меварзад.
Мақсади гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ ин сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсии дар машқҳо ширкаткунанда, баланд бардоштани омодагии доимии ҳарбӣ дар мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, истодагарӣ намудан ба муқобили дигар таҳдиди эҳтимолӣ ва такмилдиҳии усули муҳосира ва маҳв кардани гурӯҳҳои ифротгаро, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад, дар шароити кӯҳсор мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.  

Апрель 23, 2015 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст