Мизи мудаввар дар мавзӯи бехатарии маводи ғизоӣ

Апрель 8, 2015 10:26

Душанбе,08.04.2015(АМИТ«Ховар» Муқаддас Темурзода). 7 апрел дар  шахри Душанбе  бахшида ба  Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ мизи мудаввар  дар  мавзӯи «Бехатарии маводи ғизои» баргузор  гардид, ки  дар  кори  он намояндагони  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои саноатии кишвар, созмонҳои байналмиллалӣ ва намояндагони  ВАО ширкат  доштанд.
Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар ҶТ  Павел Урсу  зимни суханрониаш зикр  намуд, ки аҳолии  кишвар бояд  ғизои  бехатару безарарро истифода  намояд.  Барои ин  муҳим аст, ки  бахши  тандурустӣ , кишоварзӣ, ҳифзи муҳити  зист, хӯроки  умумӣ ва  саноати  хурокворӣ,  ҳамчунин ҷомеаи  шаҳрвандӣ ва истеъмолкунандагон бо ҳам  зич  ҳамкорӣ намоянд.
«Зарурати роҳандозии ислоҳоти фаврӣ дар бахши бехатарии маводи ғизоӣ дар  Тоҷикистон тақозои замон  аст. Бунёди  низоми эътирофшудаи бехатарии маводи ғизоӣ ҳам барои истифодабарандагони маҳаллӣ ва  ҳам  барои истеъмолкунадагони хориҷӣ  гарави мувафақият пайдо намудани  маводи ғизоии дохилӣ ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин,  дар  навбати худ, сатҳи некуаҳволӣ ва тандурустии аҳолиро ҳатман баланд  мебардорад»,- гуфт  намояндаи Созмони маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзии СММ дар Тоҷикистон  Виорел Гутсу.
Ёдовар мешавем, ки ҳар сол 7 апрел дар  кишвар Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҷлил гардида, масоили мухталифи марбут ба  тандурустӣ мавриди муҳокима  қарор мегирад.

Апрель 8, 2015 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст