«Моҷарои сари пода»-намоишнома

Апрель 18, 2015 10:29

 Душанбе,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов  намоишнома таҳти унвони «Моҷарои сари пода» манзури тамошобинон шуд. Намоиши мазкур аз рӯйи асари Нурулло Абдулло таҳия гардида, коргардони саҳнаи театр Нозими Мелик онро бо лаҳҷаҳои тоҷикӣ ва урфу одатҳои мардуми деҳот, ки аксарият дар сар фикру ақидаҳои куҳна доштанд, ба саҳна гузоштааст. Коргардон саҳнаеро манзури бинандагон гардонд, ки дар сари пода як гурӯҳ мардони гуногунандешаву бешуғл бо ҳамдигар дар бораи чорвою чорводорӣ суҳбат мекарданд. Сипас, марди ниқобдоре эшонро ба асорат мегираду талаби ба гуфтаҳояш розӣ шудану сар боло накарданро мекунад. Ин гурӯҳи мардон, ки камсавод буданду ҳуқуқҳои худро намедонистанд, аз гуфтаҳояш саркашӣ накарда, дасту пойи ҳамдигарро бо дасти худ бастанду чанд рӯз бо дасту пойи баста дар саҳро монданд. Пас аз чанд рӯз он мард ба наздашон омада мебинад, ки то ҳол бо дасту пойи баста нишастаанд. Сипас, афсусхӯрон ниқоби худро аз сар гирифта, мегӯяд, ин танҳо санҷиш буд, ки шумо то кадом андоза фикру ақида дореду муҳофизи ватану зану фарзандонатон ҳастед. Асари мазкур хусусияти тарбиявӣ-ватандӯстӣ дошта, дар он чӣ гуна муҳофизат намудани марзу бум, оилаву арзишҳои миллӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст. Мақсад аз пешкаш намудани ин гуна як асари хурдакаки пурмазмунро дастандаркорон дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии мардуми тоҷик, аз сар дур намудани ақидаҳои куҳна ва ҷалби онҳо ба илмҳои замони муосир, аз ҷумла, аз бар намудани техникаи ҳозиразамон ва сохтани давлати пешрафта арзёбӣ намуданд. 
 
 
 
 
 
 

Апрель 18, 2015 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст