Муқовимат ба савдои одамон: семинари омӯзишӣ
Душанбе, 6.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҳафтаи гузашта дар вилояти Хатлон семинари дурӯзаи омӯзишӣ доир ба баланд бардоштани малакаи касбӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон дар чорчӯбаи Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26 июли соли 2014 баргузор гардид, ки дар он кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар ва Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД вилояти Хатлон (ШММЗҶМ) иштирок намуданд.
Семинар дар доираи лоиҳаи Барномаи намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) бо дастгирии молиявии шуъба оид ба масъалаҳои муборизаи байналмилалӣ бо маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL) дар назди Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар семинар кормандони агентӣ ва ШММЗҶМ бо санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва санадҳои миллӣ, ки масъалаҳои муқовимат ба савдои одамонро ба танзим медароранд, ҳамкории агентӣ бо мақомоти ваколатдор дар ин самт, инчунин бо асосҳои ҳуқуқии эътироф намудан ва додани мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон ва бозравонии қурбониён барои расонидани кумак шинос шуданд








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






