Муҳайё гардидани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ

Апрель 15, 2015 14:22

Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати муовини якуми вазир Саидраҳмон Назриев ҷаласаи нахустини васеи Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои  хамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва  мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо  (СУС) баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок карданд. 
 Тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти ҶТ вобаста ба узвият ба Созмони умумиҷаҳони савдо» қабул шуд. Мақсади асосии қарори мазкур муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои СУС, таъмини афзалиятҳои узвият ба СУС барои доираи васеи тоҷирон мебошад. Барномаи мазкур ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ бо роҳи пешниҳоди шароитҳои мусоид барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некўаҳволи сокинони кишвар равона шудааст.
Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дуҷониба байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи минтақавии «Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» ташкил шуд. 
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуда, саъю кўшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқи уҳдадориҳои ҶТ дар назди СУС дастгирӣ менамояд

Апрель 15, 2015 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст