Муҳокимаи феҳристи марказонидашудаи савдо
Душанбе, 1.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- -Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи панҷуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои қарори Гуруҳи корӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки дар соли 2015 ба нақша гирифта мешаванд ва аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” бармеоянд, инчунин таъсис ва ташаккули манбаи иттилоотии маълумот ва феҳристи марказонидашудаи савдо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Инчунин қарор оид ба тасдиқи чорабиниҳои Гурӯҳи кории байни идоравӣ вобаста ба Қонуни ҶТ “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” барои нимсолаи аввали соли 2015 қабул шуд. Мақсади асосии қабул ва татбиқи қонуни мазкур фароҳам овардани шароити шаффофи ҳуқуқӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, муҳайё кардани фазои мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя бо мақсади рушди минбаъда ва такмили савдо ва хизматрасонӣ дар савдо ва хизматрасонии маишии аҳолии кишвар мебошад.
Чорабинӣ дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил шуд.
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кӯшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






