Муҳокимаи лоиҳаи барқарорсозии низоми обтаъминкунӣ

Апрель 17, 2015 10:22

Душанбе,17.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-  15 апрел  дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»   лоиҳаи   барқарорсозии  низоми   обтаъминкунии  Минтақаи  озоди иқтисодии «Суғд» ва   маҳалҳои назди  он мавриди муҳокима  қарор гирифт.
Дар ин маросим  мушовири  Бонки рушди Осиё  Фаррух  Султонов,  мушовири  масоили  густариши  ҳамкории  давлатию  инфиродӣ,   намояндагони Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди   «Хизматрасон — 2013»,  ки   ба обтаъминкунӣ  машғул аст, ширкат доштанд.
Зикр  шуд, ки бо  саъйу  кушиши давлат ва тоҷирон  дар  тадбиқи  лоиҳаҳои  калони миллӣ  метавон  муваффақ шуд. Барои ин  бояд  ба  манзури  рушди ҷомеа  ҳамкории  мутақобилан муфидро  роҳандозӣ кард.
Дар ҷараёни  мулоқот  ба мушовирон  дар  бораи  вазъи  ҳозираи  низоми  обтаъминкунӣ  дар  ҳудуди Минтақаи  озоди иқтисодӣ муфассал хабар  дода  шуд.

Апрель 17, 2015 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст