Муҳокимаи лоиҳаи сохтмони шохаи роҳи оҳан

Апрель 22, 2015 15:03

Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, ).- Чанде пеш роҳбарияти маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо намояндагони ширкати байналмилалии лоиҳакашии China Railway 20 Bureau Group Corporation мулоқот анҷом дод.
Тавре ки намояндаи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” хабар медиҳад, ширкати мазкур дар шаҳри Сиани музофоти Шенсии Чин воқеъ буда, ба таррҳезӣ ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, сохторҳои маҳаллӣ, кӯпрук ва ғайра машғул аст.
Мақсад аз сафари меҳмонон шиносоӣ бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва лоиҳаҳои сармоягузории бахши эъмори шохаҳои роҳи оҳан буд.
Ёдовар мешавем ки маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” лоиҳаи сохтмони шохаи роҳи оҳан аз истгоҳи Спитамен то МОИ “Суғд”- ро, ки масофааш 22 километрро ташкил медиҳад,  дар ихтиёр дорад. Лоиҳаи мазкур қисми таркибии лоиҳаи минтақавии сохтмони роҳи оҳани масофааш беш аз 140 километр то кони калонтарини нуқраи Кони Калони Мансур ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем ки 20 апрел раиси вилояти Суғд А. Қодирӣ ҳайати Чинро барои муҳокимаи масъалаи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан ба ҳузур пазируфт.

Апрель 22, 2015 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст