Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ

Апрель 16, 2015 11:09

Қурғонтеппа,16.04.2015 (АМИТ «Ховар» Мурод Сотиев).-  14 апрел  раиси вилояти  Хатлон Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода  ва сафири Ҷопон  дар Тоҷикистон  Такаши Камада  масоили ҳамкории  дуҷонибаро муҳокима намуданд.
Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода  аз вазъи иҷтимоию иқтисодии  вилоят нақл карда, зикр намуд, ки дар  вилоят ба  рушди иҷтимоиёт  таваҷҷӯҳи  хоса  зоҳир  мегардад. Ҷонибҳо ҳамчунин лоиҳаҳои татбиқшаванда дар бахшҳои  мухталифро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Худи  ҳамон рӯз  Такаши  Камада  дар  мактаб — интернати ноҳияи  Вахш  бо шароити  таълиму зисти  тарбиягирандагони  он  шинос  шуд. Зикр  шуд, ки   бояд лоиҳаи  гармидиҳӣ ба хобгоҳи  интернат  дар амал татбиқ гардад. Ҷонибҳо изҳори  умедворӣ  намуданд, ки  ҳамкорӣ  дар  ҳошияи лоиҳа  дар  сатҳи  зарурӣ  идома  хоҳад ёфт.

Апрель 16, 2015 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст