Муҳокимаи масоили ҷилавгирии хушунат дар оила

Апрель 23, 2015 11:43

   Душанбе,23.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-  «Хушунат дар  оила зуҳуроти ғайриқонунӣ буда,  дар  шаклҳои  мухталиф  зоҳир  мегардад. Хушунат, аз  ҷумла,  маънои  зӯроварии ҷисмонӣ, психологӣ, иқтисодӣ ва шаҳватпарастиро дорад», —  зикр  намуд  сардори  шӯъбаи  назорати  масоили  минтақавии Раёсати  таъмини  амнияти ҷамъиятии ВКД ҶТ  Талабшо  Меликов  дар  ҷараёни мизи мудаввар, ки  21 апрел дар шаҳри Душанбе  баргузор гардид. 
Назар ба хабари ВКД ҶТ, чорабинии мазкур бо ибтикори  ВКД пайваста  бо  ҳамкорӣ  бо Бунёди  ёрии  Институти ҷомеаи кушодаи  «Сорос» рӯи кор  омад.
Дар ҷараёни  мизи мудаввар  фаъолияти  мақомоти корҳои  дохилӣ  дар ҳошияи ҳамкорӣ бо муассисаҳои  ғайриидоравии низоми ҷилавгирии хушунат  дар  оила  мутобиқи  қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷилагирии хушунат дар  оила» баррасӣ шуданд.
Директори  шӯъбаи  Институти  байналмилалии  ҷомеаи кушодаи «Сорос»  дар Тоҷикистон  Зӯҳра Ҳалимова зикр  намуд, ки  дар  ин  бахш  бояд корҳои зиёде анҷом дода шаванд.

Апрель 23, 2015 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст