Муҳокимаи вазъи амнияти Афғонистон

Апрель 27, 2015 11:55

Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи ҷумъаи  гузашта  дар  шаҳри  Душанбе  нишасти муҳокимавии ҳайати Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  барои  намояндагони  расмии  Тоҷикистон  аз рӯи  вазъи амнияти  Афғонистон  баргузор  гардид. 
Тавре  ки ВКХ  ҶТ хабар  медиҳад,  ҳайати  Тоҷикистонро  дар  ин  чорабинӣ  вазири корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Сироҷиддин  Аслов ба  ӯҳда дошт. 
«Тоҷикистон  ҳамеша ҷонибдори  дастгирии  сулҳу  суботи  кишвари ҳамсоя  аст.  Мамлакати  мо  бо  дарназардошти  ин  дар чорабиниҳои мухталифи  байналмилалӣ  оид ба  Афғонистон  иштирок  намуда,  ба  татбиқи  лоиҳаҳои  муштараки  минтақавӣ  дар риштаҳои энергетика ва коммуникатсия, ки ба рушди иқтисодиёт  ва амнияти Афғонистону  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  мусоидат  мекунанд, ҳисса  мегузорад». — гуфт  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон. 
Қобили  зикр  аст, ки  ҳайати  ИМА  аз  соли  2011 инҷониб  барои кишварҳои Осиёи  Марказӣ  дар  мавзӯи  Афғонистон  нишастҳои  ммуҳокимавӣ  доир  менамояд,  ки  мақсад  аз  онҳо табодули  афкор  роҷеъ  ба раванди  пуштибонии  сулҳу  амнияти  Афғонистон  аст. 

Апрель 27, 2015 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст