Муборизаи ВКД ҶТ бар зидди ҳаракатҳои ғайриқонунӣ

Апрель 15, 2015 14:18

Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар семоҳаи аввали соли 2015 баргузор намуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки зимни ҷаласа вазир зикр намуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар самти корҳои ободонию созандагӣ ва беҳтар намудани шароити хизматии кормандони милитсия пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Аз ҷумла, дар ин давра қисмҳои низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва 3503 дар шаҳри Қурғонтеппа, биноҳои воҳиди махсус ва ШБДА дар шаҳри Душанбе кушода шуданд. Инчунин дар як зумра ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои маъмурию хизматӣ бо шароити ҳозиразамон мавриди истифода қарор гирифтанд.
 Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба фаъолияти мақомот дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҷиноятҳо, хусусан ҷиноятҳои дорои раванди террористиву экстремистӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус  ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ғайриқонунӣ, гузаронидани корҳои пешгирикунанда дар байни ноболиғону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ барои пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, беҳтар намудани натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ дар самтҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои раванди террористиву экстремистӣ ва дигар кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 

Апрель 15, 2015 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст