Муколамаи маблағгузорӣ оид ба иқлим
Душанбе,11.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-9-10-уми апрели соли 2015 дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ Муколамаи маблағгузорӣ оид ба иқлим доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар Ибодзода Хайрулло иштирок намуд. Вохўрӣ, ки аз тарафи Фонди Иқлими Сабз (ФИС), Бонки Рушди Осиё (БРО) дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Кореяи Ҷанубӣ ташкил шуд, ба сохторҳои ваколатдори миллӣ (СВМ) имконият дод, ки иштироки тарафҳоро дар барномаи фонди мазкур пурра баррасӣ намоянд. Ҳамзамон дар вохўрӣ масъалаҳои омодагии Фонд барои ҷудо намудани маблағ барои мутобиқшавӣ ва коҳиш ба тағйирёбии иқлим дида шуданд.
Дар раванди вохўрӣ кишвари Корея тасмим гирифтааст, ки оид ба таҷрибаҳои дар самти пешбурди сиёсати «Рушди сабз» ва амалишавии бомувафақияти лоиҳаҳо оид ба манъбаҳои барқароршавандаи энергия табодули таҷриба намояд.
Дар муколама раиси кумита Ибодзода Хайрулло бо Мария Кармела-директори генералии Департаменти минтақавии рушди устувори Бонки Рушди Осиё, Тао Ванг-директори мутобиқшавӣ ва коҳиши Фонди Иқлими Сабз ва Денис Мючел-мушовир оид ба маблағгузории иқлимии назди Агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ вохўрӣ баргузор намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






