Мулоқоти А. Абдуллозода бо И. Аманлиев

Апрель 8, 2015 10:14

Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)- 7 апрели соли равон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанқулӣ Аманлиев мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон табодули афкор намуданд. 
Аҳтам Абдуллозода таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳавасманди ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҳамҷавор буда, дар ин самт бо Ҷумҳурии Туркманистон дар ҳамаи ҷабҳаҳо ҳамкории дӯстонаро ба роҳ мондааст. 
Ишанқулӣ Аманлиев изҳор намуд, ки барои ҳамкории бештар дар соҳаи сайёҳӣ ва варзиш миёни кишварҳо имкониятҳои фаровон мавҷуданд, ки аз он метавон барои манфиатҳои ҳарду кишвар истифода намуд. 
Зимни мулоқот сафир Ишанқулӣ Аманлиев таъкид кард, ки дар Туркманистон Конфронси байналмилалии туристиро ба нақша гирифтаанд, ки намояндагони Тоҷикистон низ имкони иштирок дар ннро доранд. 
Аҳтам Абдуллозода дар мулоқот барои ҳамкории бештар дар бахши ҷавонон низ таъкид карда, гуфт, барои табодули таҷриба ва боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон иштироки ҷавонони ҳар ду кишвар дар конфронсҳои якдигар аз манфиати холӣ нест.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар » Наврӯз Қурбонов,  мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.

Апрель 8, 2015 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст