Мулоқоти М. Неъматов бо намояндагони ширкати Андритс Гидро

Апрель 18, 2015 13:11

Душанбе, 18.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 16 апрели соли 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо намояндагони яке аз ширкатҳои бузурги ҷаҳон Андритс Гидро ГмбҲ ҷаноби Норберт Швартс ва ҷаноби Райнхард Мюллер-Технау дар мавзӯи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соҳаи рушди гидроэнергетика мулоқот анҷом дод. Дар рафти сӯҳбат сафир Неъматов аз ҳамкориҳои фаъоли ширкати Андритс Гидро ҷиҳати азнавсозӣ ва таъмини Истгоҳҳои обӣ-барқии Тоҷикистон бо таҷҳизоти босифат ва муосир изҳори сипос намуда, алоқамандии зиёди кишварро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таъкид кард. Сафир ҳамчунин аз намояндагони ин ширкат даъват ба амал овард, ки дар Форуми иқтисодии Тоҷикистон-Олмон, ки рӯзҳои 17-19 майи соли ҷорӣ ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» 2005-2015 рӯзҳои 9-12 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегарданд, иштирок намоянд. Даъвати мазкур аз ҷониби намояндагони ширкати Андритс Гидро бо қаноатмандӣ қабул гардид. Онҳо аз ҷумла иброз намуданд, ки ширкати Андритс Гидро, ки дорои таҷрибаи бойи амалисозии лоиҳаҳои байлалмилалии гидроэнергетикӣ мебошад, омода аст, дар татбиқи лоиҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ судманди Тоҷикистон саҳми арзандаи худро бигзорад.

Апрель 18, 2015 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд