Мулоқоти С.Аслов бо Фиристодаи махсуси Швейтсария

Апрель 7, 2015 07:45

 
Душанбе, 7.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 6 апрели соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷидин Аслов бо Фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба масъалаҳои об Вилҳелм Майер баргузор гардид.
 
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси Базел оид ба идоракунии фарогирандаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2014 дар Швейтсария баргузор гардид, муҳокима намуда, инчунин оид ба сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор намуданд.
 
Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015», ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, маълумот дод.

 

Апрель 7, 2015 07:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст