Муроҷиатномаи ФИКМТ ба муносибати — 1 Май
МУРОҶИАТНОМАИ
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
ба роҳбарони ташкилотҳои иттифоқи касабаи Тоҷикистон, ташкилоту корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон — 1 Май
То 1 Май рўзҳои башумор мондааст ва мардуми меҳнаткаши тамоми дунё онро ҳамчун рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон қайд менамоянд.
Дар тамоми гўшаю канори дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ бештар аз як миллион аъзои иттифоқи касаба ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳо баромада, дар чорабиниҳои идона иштирок менамоянд. Онҳо якҷо, ошкоро ва якдилона нисбати корфармоён дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, манфиатҳо ва имтиёзҳои худ ва муттаҳидии сафҳои иттифоқҳои касаба вохурию суҳбатҳо анҷом медиҳанд.
Имсол дар мамлакати мо 1 Май дар як фазои баланди сиёсию ҷпмъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн гирифта мешавад.
Мутаассифона фазои ногувори меҳнатии аксарияти мардуми олам, оқибатҳои вазнини бўҳрони шадиди ҷаҳонӣ, боиси афзоиши сатҳи камбизоатӣ, маҳрумиятҳои иҷтимоӣ гардида, қариб тамоми қишрҳои аҳолии меҳнаткашони дунёро фаро гирифта аст.
Яке аз масъалаҳои вазнини воқеии инсоният имрўз бо ҷои кори арзанда таъмин будан мебошад. Вале мавҷудияти ҷои кор ҳам наметавонад манбаи эътимоднок ва кафолатноки беҳбудии зиндагӣ бошад. Аз ин ру иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва таъмини шароити хуби меҳнат саъю талош намоянд ва аз корфармоён талаб намоянд, ки чунин шароитро фароҳам оваранд. Онҳо фаъолияти худро барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои кормандони кироя ва аъзои оилаи онҳо, таъмин намудани меҳнати арзанда, баланд бардоштани музди меҳнат, паст кардани нархҳо, таъмин намудани шуҒлнокии аҳолӣ тариқи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ сафарбар намояд.
Дар арафаи ҷашни меҳнаткашон бояд меҳнати чандинсолаи нафақагирон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат ва ятимону ва бепарасторонро дастгирӣ ва қадрдонӣ намоянд.
Имсол 1-Май чанд рўз пеш то ҷашни 70- солагии Ғалабаи халқи Шўравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ба шикасти фашизм ва барқарор намудани сулҳ дар рўи замин нақши ҳалкунанда бозид, қайд карда мешавад. Мо бояд ҷашни Ғалабаро дар сатҳи баланд пешвоз гирифта, қаҳрамонӣ, мардонагӣ ва меҳнати фидокоронаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро қадрдонӣ намуда, дар тарбияи насли имрўза ва оянда истифода барем.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳои иттифоқи касаба ва корфармоёни ҷумҳуриро даъват менамояд, ки рўзи 1 Маи соли 2015-ро, ҳамчун рўзи якдилии умумиҷаҳонии меҳнаткашон тариқи гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, таҳти шиорҳо ва талаботҳои барои меҳнаткашон гарон ва қиммат дар фазои якдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, дўстию бародарӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гиранд.
Бо як овоз мегӯем:
Ба мардуми меҳнаткаш – Меҳнати арзанда, ҳаёти арзанда!
Ба меҳнати арзанда – музди меҳнати арзанда!
Ҷойҳои нави корӣ – роҳи дурусти рушди иқтисодиёт!
Риоя Конститутсия ва Қонунҳо – кафолати таъмини адолати иҷтимоӣ!
Зиндагӣ ва таъминоти арзанда ба собиқадорон ҷангу меҳнат!
Зинда бод 1 Май – Рўзи байналмилалии ҳамраъйии меҳнаткашони ҷаҳон
Федератсияи иттифоқҳои касабаи
мустақили Тоҷикистон








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






