Муроҷиатномаи ФИКМТ ба муносибати — 1 Май

Апрель 29, 2015 09:39

МУРОҶИАТНОМАИ
Федератсияи  иттифоқҳои  касабаи  мустақили  Тоҷикистон 
ба роҳбарони   ташкилотҳои   иттифоқи   касабаи   Тоҷикистон, ташкилоту  корхона  ва муассисаҳои  ҷумҳурӣ  ба  муносибати  Рўзи  байналмилалии  якдилии   меҳнаткашон   — 1 Май
 
То 1 Май  рўзҳои башумор мондааст ва мардуми меҳнаткаши тамоми дунё онро ҳамчун рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон  қайд   менамоянд.
Дар тамоми гўшаю канори дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ бештар аз  як миллион аъзои иттифоқи касаба ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳо баромада, дар чорабиниҳои идона иштирок  менамоянд. Онҳо якҷо, ошкоро ва якдилона нисбати корфармоён дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, манфиатҳо ва имтиёзҳои худ ва муттаҳидии сафҳои иттифоқҳои  касаба  вохурию  суҳбатҳо  анҷом  медиҳанд.
Имсол дар мамлакати мо 1 Май дар як фазои баланди сиёсию ҷпмъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн гирифта мешавад. 
Мутаассифона  фазои ногувори меҳнатии аксарияти мардуми олам,  оқибатҳои вазнини  бўҳрони  шадиди ҷаҳонӣ, боиси афзоиши  сатҳи камбизоатӣ, маҳрумиятҳои иҷтимоӣ гардида, қариб тамоми қишрҳои аҳолии  меҳнаткашони  дунёро  фаро  гирифта аст. 
Яке аз масъалаҳои  вазнини воқеии инсоният имрўз  бо ҷои кори арзанда таъмин будан мебошад. Вале мавҷудияти  ҷои кор ҳам наметавонад манбаи эътимоднок ва кафолатноки беҳбудии зиндагӣ бошад. Аз ин ру иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани  камбудиҳо ва таъмини шароити хуби меҳнат саъю талош намоянд ва аз корфармоён талаб намоянд, ки чунин шароитро фароҳам оваранд. Онҳо фаъолияти  худро барои  ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои кормандони кироя ва аъзои оилаи онҳо,  таъмин намудани  меҳнати арзанда, баланд бардоштани музди меҳнат, паст кардани нархҳо, таъмин намудани шуҒлнокии аҳолӣ тариқи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ  сафарбар намояд. 
Дар арафаи  ҷашни  меҳнаткашон бояд меҳнати чандинсолаи нафақагирон, собиқадорони  ҷангу меҳнат,  оилаҳои  камбизоат ва ятимону  ва  бепарасторонро  дастгирӣ  ва  қадрдонӣ  намоянд.
Имсол 1-Май чанд рўз пеш то ҷашни 70- солагии Ғалабаи халқи Шўравӣ дар Ҷанги Бузурги  Ватанӣ, ки ба шикасти фашизм ва барқарор  намудани сулҳ дар рўи замин нақши ҳалкунанда бозид, қайд карда  мешавад.  Мо бояд ҷашни Ғалабаро дар сатҳи  баланд пешвоз гирифта, қаҳрамонӣ, мардонагӣ ва  меҳнати фидокоронаи  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро  қадрдонӣ намуда, дар тарбияи насли  имрўза ва оянда истифода  барем. 
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  роҳбарони ташкилотҳои  иттифоқи касаба ва  корфармоёни ҷумҳуриро даъват менамояд, ки  рўзи 1 Маи соли 2015-ро, ҳамчун рўзи якдилии умумиҷаҳонии меҳнаткашон тариқи гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ,  таҳти шиорҳо ва талаботҳои барои меҳнаткашон гарон ва қиммат дар фазои якдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, дўстию  бародарӣ бо шукуҳу шаҳомати   хоса  истиқбол   гиранд.
Бо  як  овоз  мегӯем:
Ба мардуми  меҳнаткаш – Меҳнати  арзанда, ҳаёти  арзанда!
Ба меҳнати  арзанда – музди   меҳнати   арзанда!
Ҷойҳои  нави  корӣ – роҳи  дурусти  рушди  иқтисодиёт!
 Риоя   Конститутсия ва  Қонунҳо  – кафолати таъмини  адолати  иҷтимоӣ!
Зиндагӣ  ва  таъминоти  арзанда  ба  собиқадорон   ҷангу меҳнат!
Зинда бод 1 Май – Рўзи  байналмилалии ҳамраъйии меҳнаткашони ҷаҳон
 
Федератсияи иттифоқҳои касабаи 
 мустақили  Тоҷикистон  
 
 

Апрель 29, 2015 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад