Мусобиқаи теннис барои Ҷоми Пойтахт

Апрель 25, 2015 10:25

Душанбе, 25.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Рафрати Абдулҳамид).- Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон мусобиқаи кушод оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон — Душанбе, ки рӯзҳои истироҳат —  25- 26- уми апрел — дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба ҷашни 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 бахшида шудааст.
Ташкилкунандагони мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри тенниси шаҳри Душанбе” ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе мебошанд. Дар ин мусобиқа, ки барои бори чорум барпо мегардад, ҳудуди 40 нафар дӯстдори теннис — намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин як зумра вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок мекунанд. 
Мусобиқа аз рӯи як намуд — инфиродӣ сурат мегирад.                                          
Ғолиб ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севуму чорумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри тенниси шаҳри Душанбе”, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар, туҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати мобилии «Мегафон” сарфароз мешаванд. Инчунин ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супурда хоҳанд шуд. 
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи соли гузашта дӯстдорони теннис —  намояндагони шаш кишвар — Тоҷикистон, Русия, Украина, Олмон, Чин ва Ҳиндустон иштирок доштанд. Дар сабқати ниҳоӣ байни мардон Қосим Раҷабмадов (Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон) бар соҳибкори душанбегӣ Шавкат Орифов пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ — Ҷоми Пойтахт-90 сарфароз гашт. Ҷамолиддин Убайдуллоев (Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон) ва Григорий Багдасарян (Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе) ҷойҳои севумро гирифтанд.
Дар сабқати занон Мунаввара Раҳмонова (Ширкати мобилии Tcell) мақоми аввалро касб кард. Мария Никитюк (Сафорати Украина дар Тоҷикистон) ҷойи дувум ва Анастасия Тиссен (Намояндагии Бонки аврупоии рушд дар Тоҷикистон) ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Апрель 25, 2015 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст