Мусодираи маводи мухаддир аз ҷониби милитсияи нақлиёт

Апрель 23, 2015 14:13

Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар нақлиёт 21 апрел дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир  ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар вақти азназаргузаронӣ аз дохили борхалтааш 2 кг 420 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Худи ҳамин рӯз, аз ҷониби кормандони милитсия зимни як амалиёти махсус марди 40-солаи сокини ноҳияи Восеъ, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардид, ки дар вақти кофтуков аз дохили борхалтааш 2 кг 660 гр. маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин зимни гузаронидани боз як чорабинии фаврӣ- ҷустуҷӯӣ марди 58-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш 3 кг 870 гр. маводи нашъадори навъи ҳашиш ва 3 кг 610 гр. маводи нашъадори навъи афюн, ки вазни умумиашон 7 кг 480 гр-ро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 
 
 
 

Апрель 23, 2015 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст