Намоишгоҳи асарҳои минётурӣ дар Душанбе

Апрель 7, 2015 13:45

Душанбе, 07.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Марҳабои Азамат).- Аз 11 то 30 апрели соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”- и шаҳри Душанбе асарҳои рассомони санъати минётурӣ Олим Камолов ва духтари ӯ Бону Камолова ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Дар ин бора танзимгари намоишгоҳ рассом Сарвиноз Ҳоҷиева ба АМИТ “Ховар” хабар дод.
Муофиқи суханони мавсуф, дар намоишгоҳ беш аз 70 асари Олим Камолов ва духтараш Бону манзури ҳаводорони санъат карда мешавад.
“Намоишгоҳи асарҳои Олим Камолов дар жанри “минётур” маротибаи дуюм аст, ки дар меҳмонхонаи “Серена доир гардида, Бону Камолова асарҳояшро бори нахуст дар ин меҳмонхона пешкаши ҳаводорони санъат менамояд.Аз ин пеш Бону Камолова асарҳояшро дар намоишгоҳи “Гулдухтарони тоҷик”, ки ҳамасола ба ифтихори Рӯзи модар доир мегардад, ба маърази намоиш гузошта буд”,- гуфт Сарвиноз Ҳоҷиева.
“Яке аз мақсадҳои асосии намоишгоҳ бо ҳаводорони санъати рассомӣ шинос кардани на фақат сокинони кишвар, балки меҳмонони хориҷӣ низ мебошад. Бинобарин мо тасмим гирифтем ки онро дар меҳмонхонаи “Серена” доир намоем”,- афзуд Сарвиноз Ҳоҷиева.
Назар ба иттилои манбаъ, Олим Камолов баъди дар Душанбе ба маърази намоиш гузоштани асарҳояш дар Намоишгоҳи байналмилалии Туркия, ки моҳи май доир мегардад, иштирок менамояд.
 

Апрель 7, 2015 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд