«Навойи Кибриё» омад

Апрель 22, 2015 08:58

Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Нашриёти «Адиб» куллиёти ашъори шоири шаҳир Туғрали Аҳрориро таҳти унвони «Навойи Кибриё» ба нашр расонид. Китоб бо кӯшишу тавзеҳи муҳаққиқ Асрори Раҳмонфар ва нависанда, пажӯҳишгар Мирзо Шукурзода ба зевари табъ омадааст.
Куллиёт ба муносибати ҷашни 150-солагии Туғрали Аҳрорӣ чоп шудааст. Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ аз охирин классикони адабиёти тоҷик ба шумор рафта, дар ибтидои ҳуҷуми Русия ба хоки Осиёи Марказӣ ба хидмати армияи Русия гузашта, аз тарафи қумандонаш кушта мешавад. Ва ӯро то солҳои 60-ум ҳамчун «душмани халқ» мепиндоштанд. Ибтидои солҳои 60-ум бо кӯшиши нависанда ва муҳаққиқ марҳум Ҳабибулло Назаров, ки дар вазифаи Суди олӣ ифои вазифа мекард, Туғрал «сафед» карда шуд. Соли 1964 аввалин «Мунтахаби ашъори Туғрал» зери назари Носирҷон Маъсумӣ таҳия гардид. Аммо чуноне таҳқиқоти баъдӣ нишон доданд, он мунтахаб фарогири ҳамаи ашъори Туғрал набуд. Дар солҳои баъдӣ низ ашъори Туғрал чоп шудаанд.
Куллиёти  «Навойи кибриё» нисбатан мукаммалтар буда, ҳамаи ашъори Туғралро, ки то имрӯз ба даст расидааст, фаро гирифтааст. Куллиёт аз сарсухани Асрори Раҳмонфар, ғазалиёт, мустазод, қасоид, маснавиёт, муқаттаъот, мухаммасот, мусаддасот, мусамман, рубоиёт ва дубайтиҳои Туғарал иборат аст.
 
 

Апрель 22, 2015 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст