Никитин пешсафи соҳибкорони беҳтарини Душанбе

Апрель 14, 2015 13:38

Душанбе, 14.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» дар бахши «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ» Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» Денис Никитин дониста шуда, мавсуф бо Ифтихорномаи шаҳрдорӣ, Ҷоми ғолиб ва дигар туҳфаҳои шаҳрдории Душанбе дар Рӯзи пойтахт қадрдонӣ мешаванд.Мавриди зикр аст, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи пойтахт озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» ҷамъбаст гардид. Тибқи он соҳибкорони беҳтарини Душанбе дар бахшҳои «Истеҳсоли молҳои истеҳсолии халқ», «Меъморӣ ва дизайн», «Савдо», «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм», «Хизматрасонии тиббӣ», «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат», «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ», «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология», «Сохтмон, тармим ва таъмир», «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ», «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук», «Хӯроки умум», «Хизмати маишӣ», «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама», «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо», «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ» «Технологияҳои ахборӣ» муайян гардиданд. Инҳо Илҳом Комилов -«Фабрикаи шири Саодат», Файзалӣ Раҷабов -ҶСП «Техноинвест», Фарҳод Мирзоев -ҶДММ «Газпромнефт», Зафар Қурбонов- «Тоҷикинтурсервис», Қурбоналӣ Муҳаббатов -«Ганҷина» МТФ «Ромашка», Хушмаҳмад Ҷомаҳмадов -«Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик», Фаридун Ҷабборов «Тиб барои Шумо», Игор Умаров -«Сити Сервис», Қосим Фаткулаев -«Саманд 2010», Муфарраҳ Муҳаббатов -«Рухом», Саидраҳмон Хидиров -«Сомонтаъминот», Мансур Остонаев -«Интер», Сафаралӣ Шарифов- «Континент-Инвест», Сӯҳроб Раҷабов — «Эр-Граф», Тоҳир Хукуматов «Заводи асфалту бетон», инчунин Қубодулло Ғайратов -«Гимназияи хусусии Ҳиммат» ва Шариф Ҳамдамов- ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мебошанд. Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як бахш дар маросими таҷлили Рӯзи пойтахт аз ҷониби шаҳрдории Душанбе бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Ҳадафи озмуни мазкур рушди соҳибкорӣ дар пойтахт, баланд бардоштани мақоми соҳибкорон дар ҷомеа, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети пойтахт, таблиғи дастовардҳои соҳибкорон ва ҳавасмандгардонии онҳо арзёбӣ мегардад.

Апрель 14, 2015 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид