Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт

Апрель 17, 2015 14:37

Душанбе, 17.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои  Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 18-уми апрели  соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад.
Ин ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, барои бори шашум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мешавад. Дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик аз манотиқи мухталифи кишвар, давандаҳои касбӣ аз бародаршаҳрҳои Душанбе, инчунин аз шаҳрҳои бузурги кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳое, ки бо мо ҳамкориҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доранд (мардону занони синнашон аз 18 боло) ширкат хоҳанд кард. Чунончи, дар он иштироки варзишгарони шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Самара ва Челябински Русия, Барселонаи Испания, Тошканди Ӯзбекистон, Шерози Эрон, инчунин давандаҳои Кения, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон дар назар аст. 
Қобили зикр аст, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки соли 2010 оғоз ёфт, аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст. Ниммарафони байналмилалӣ соати 9-и субҳи шанбе аз рӯи масири дав — Наврӯзгоҳи Душанбе — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ — маҳаллаи Хуҷамбиё — дидбонгоҳи Чорбоғ — хиёбони Рӯдакӣ — майдони «Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) барпо мегардад. 
Ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм — 3000-долларӣ, 3-юм — 2500-долларӣ, 4-ум — 2000-долларӣ, 5-ум — 1800-долларӣ ва 6-ум — 1500-долларӣ. 
Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга 18-уми апрел дар маросими бахшида ба Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев месупорад. Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони озмунҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш —  «Беҳтарин варзишгари сол”,  «Беҳтарин мураббии сол”, «Беҳтарин мактаби варзишии сол” ва «Беҳтарин толори варзишии сол” бо ҷоизаҳо ба маблағи аз 2,5 ҳазор то 3,5 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Дар баробари ин ба 38 варзишгари беҳтарини Душанбе, ки дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро сарафроз кардаанд, мукофотпулӣ ба маблағи аз 500 то 1000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.  
Инчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳамзамон пойга миёни наврасони  аз 10 то 15-сола ба масофаҳои 3 ва 5 километр барпо гардида ғолибони он бо туҳфаҳои шаҳрдории Душанбе сарфароз мешаванд. 

Апрель 17, 2015 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд