Нозирони тоҷик озими Қазоқистон мегарданд

Апрель 23, 2015 13:29

         Душанбе, 23.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо намояндагони Тоҷикистон ба Қазоқистон мераванд. Онҳо ба ҳайси нозирони кӯтоҳмуддат дар ҳайати нозирони Иттиҳоди  кишварҳои муштаракулманофеъ ҷараёни баргузории интихоботи ғайринавбатии президентиро дар Қазоқистон, ки 26 апрел доир мегардад,  мушоҳида менамоянд.     
             Аз Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии  кишвар /КМИР/  ба АМИТ «Ховар иттилоъ доданд, ки дар ҳайати нозирони тоҷик Муҳаммадборон Зоиров, узви КМИР, Парвина Расулова- ёвари раиси КМИР, Абдуллоҷон Нормуҳаммадов-мутахассиси КМИР ва Абдулло Холиқов -раиси кумитаи  марказии иттифоқи касабаи кормандони   соҳаи маъдан ва металлургияи Тоҷикистон «Тоҷикметал» шомиланд.   
               Инчунин ду вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ -Ҷамшед Саидов ва Ҷаббор Ахмедов ба ҳайси нозир дар ҳайати нозирони  Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил раванди баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро дар Қазоқистон мушоҳида хоҳанд кард.  
 
 

Апрель 23, 2015 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст