Оғози ҳафтаи илм

Апрель 27, 2015 11:34

Душанбе, 25.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Оғози ҳафтаи илм дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) 24 апрел бо гузаронидани конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба Соли оила ибтидо гирифт. 
 Тибқи иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ректори донишкада Ашурбой Солиев  иброз дошт, ки мақсади асосии дурнамои рушди иқтисод дар асоси илму маориф- ин сохтани давлати тамаддунофар ва соҳибистиқлол мебошад, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ, баланд бардоштани маърифати инсонӣ ва ғурури миллӣ ва ҳисси худшиносию худогоҳӣ мебошад. Рушди  иқтисод дар асоси илму маориф дар замони муосир барои Тоҷикистон метавонад модел ва ё ин ки қолаби тараққиёти иқтисодиёти мамлакат бошад, зеро асоси дурнамои рушди иқтисод ба миён овардани шароит барои гузаштан ба иқтисоди тараққикарда дар асоси стратегияи рушди саноатӣ ва инноватсионӣ мебошад, гуфт мавсуф ва ба кори конфронс муваффақият хост.
Дар ҷаласа сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ Обидҷон Маҳмудзода иштирок намуда, ба ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ будани мавзӯи маърӯзаҳои илмии ҳайати профессорону устодони донишкадаро махсус зикр кард.
Профессори кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии ДМИТ Фазлиддин Мирзоаҳмедов дар мавзӯи «Модели байнисоҳавии Леонтйев дар таҳлили макроиқтисодӣ», устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Убайдулло Сабуров  дар мавзӯи «Оила: омилҳои бунёд ва мустаҳкамии он», Ҳилола Шукурова, донишҷӯи курси 1, факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзӯи «Оила ва масъулияти ҷавонон дар бунёди он» маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.  
Кори конфронс дар 10 бахш идома ёфта, дар он устодон, магистрантон ва донишҷӯён бо маърузаҳои илмӣ масъалаҳои доғи рӯзро мавриди баҳсҳои илмӣ қарор доданд ва дар айни замон ҳамаи мақолаҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби ҳайати таҳририя мавриди омӯзиш ва таҳрир қарор дода шуда, дар маҷмӯаи мақолаҳои конфронси илмӣ-амалӣ чоп хоҳанд шуд.
 
 

Апрель 27, 2015 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст