Оила — қалъаи амнияти ҷомеа

Апрель 16, 2015 15:59

Душанбе, 16.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба эълон гардидани соли 2015 — Соли оила бо ибтикори факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ 15 апрел дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили тарбиявию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он шоира Меҳринисо Бобобекова, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва ғолиби озмуни «Оилаи беҳтарин» дар ноҳияи Сино- оилаи намунавии Саидалиевҳо ҳузур доштанд.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева дар маҳфил ректори донишкада Ашурбой Солиев зикр намуд, ки дар оилаи тоҷик ҳурмату эҳтироми калонсолон ин анъана аст. Бинобар ин, новобаста аз он ки дар иҳотаи буҳронҳои молиявӣ қарор дорем ва новобаста аз ҷаҳонишавӣ ва вазъи ногувори ҷаҳонӣ мо иззату икроми калонсолон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва оилавиро бояд ба ҷо орем. 
Шоира Меҳринисо иброз дошт, ки нахустин гоме, ки одамон барои ваҳдат ниҳоданд, ин бунёди оила буд. Оила ин қалъаи амнияти ҳар як ҷомеа буда, суботи ҷомеа аз устувории он вобаста аст. Ҷомеа аз оилае, ки намуна аст, оилае, ки дар маҳал обрўю эҳтиром дорад, оилае, ки фарзандони тарбиядида  ва солим дорад, сарчашма мегирад. 
Гулдаста Ёқубова, раиси Шўрои занони факултет дар мавзўи «Нақши зан-модар дар ташаккул ва пойдории оила» маърўза кард. 
Сарвари хонадони намунавӣ Аловуддин Саидалиев дар бораи муваффақиятҳои фарзандони тарбиянамудаи хеш бо ифтихор сухан карда, афзуд, ки ў соҳиби 6 нафар фарзанд буда, ду нафари онҳо мактаби таҳсилоти ҳамагониро бо медали тилло хатм намуда, яке ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигарӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ шомил шуда, бомуваффақият таҳсили илм доранд. 
 
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 16, 2015 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид