Ошкор гардидани қонунвайронкуниҳо дар самти меҳнат

Апрель 21, 2015 11:12

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,  муҳоҷират ва  шуғли  аҳолӣ  ҷиҳати  пешгирию бартарафсозии як зумра қонунвайронкунӣ ва ҷуброни ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон бевосита мусоидат намуд. Тайи ин давра аз ҷониби мақомоти мазкур 550 санҷиш гузаронида  шуд, ки аз он 245 санҷиш ба масъалаҳои меҳнат, 153 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 40 адад санҷиш ба масъалаҳои муҳоҷират ва 112 санҷиш ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ рост омада, дар маҷмӯъ 189 корхонаву муассисаи давлатӣ, 317 корхонаю ташкилоти хусусӣ ва 44 субъекти хоҷагидори шакли дигари моликиятро фаро гирифт.
Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 1764 адад қонунвайронкунӣ (дар се моҳи соли 2014 — 1580 адад) ошкор гардид, ки 813 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 424 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 96 ҳолат ба масълаҳои муҳоҷират ва 431 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.  
 
 

Апрель 21, 2015 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст