Ошноии волидон бо шароити таҳсили фарзандон

Апрель 16, 2015 15:27

Душанбе, 16.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва кафедраи суғуртаи факултаи иқтисоди молиявӣ ва андозбандии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 14 апрел маҷлиси падару модарон доир гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева декани факултаи мазкур Хуршед Давлатов  иброз дошт, ки ин ҷаласа дар партави Паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия нигаронида шудааст. 
Мудири кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев волидайнро бо самтҳои фаъолияти кафедра, ихтисоси интихобнамудаи фарзандонашон, шароити таҳсил ва зисти онҳо шинос намуда, дар бораи ҳар як донишҷӯ ба волидайн маълумот дод. Ӯ афзуд, ки барои донишҷӯён тамоми шароитҳо барои таҳсил муҳайёст, танҳо ӯро мебояд, ки дар машғулиятҳо пурра иштирок намуда, аз болои худ кор барад, вале бархе аз толибилмон фориғболӣ карда, ба дарсҳо дер ва бе тайёрӣ меоянд.

Апрель 16, 2015 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст