Озмуни “Падарони шӯҳратманд”

Апрель 22, 2015 15:30

Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Вазорати фарҳанг бахшида ба 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 барои рӯзномаю маҷаллаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба таблиғу ташвиқоти анъанаҳои ҷангӣ ва меҳнатии собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Падарони шӯҳратманд” озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намудааст. 
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳадаф аз баргузории озмун инъикоси ҳамаҷонибаи аҳамияти оламшумули таърихии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, саҳми фарзандони барӯманди Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба, шуҷоату диловарӣ ва хизматҳои шоёни онҳо дар майдони муҳорибаҳои шадид ва дар ақибгоҳ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, дарки баланди худшиносии миллист, ки аз талаботи «Барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945» бармеоянд. 
Дар озмун тамоми нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Мақолаҳое, ки дар мавзӯъҳои марбут ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ расидаанд, бояд мазмунан баланд, ҷолиб, бо овардани мисолҳои ҳаётӣ аз рӯзгори иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, дар таҳияи онҳо аз жанрҳои гуногуни публисистию бадеӣ истифода  шуда бошад. 
Барои нашрияҳои ғолиби озмун мукофот 1000 то 2000 сомонӣ, дипломҳо ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. 
Ҷамъбасти қабули маводи чопии ба озмун пешниҳодгардида — 1- уми майи соли 2015 мебошад.

Апрель 22, 2015 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст