Пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро

Апрель 20, 2015 10:32

Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи вохӯриҳо бахшида ба  эълон шудани соли 2015- ҳамчун “Соли оила” дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тибқи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода  ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ А Абдуллозода бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин донишкада баргузор гардид.
Зимни мулоқот атрофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарбияи ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватандорӣ муҳокима  сурат гирифт.
Донишҷӯён низ дар раванди мулоқот фаъолона иштирок намуда, андешаҳояшонро вобаста ба ин масъала  баён намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд. 
 
 
 

Апрель 20, 2015 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст