Прокурорҳо минбаъд иди касбиашон дар баҳор таҷлил менамоянд

Апрель 8, 2015 13:13

         Душанбе, 8.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии худро на 14 декабр, балки дар  14 март таҷлил менамоянд. Дар робита ба ин 8 апрел вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. 
          Бахтовар Сафаров-узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки  ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мутобиқ намудани иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи кишвар ба рӯзи қабули санадҳои  меъёрию ҳуқуқӣ марбут ба ташкил ва фаъолияти  мақомоти прокуратура дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон иртибот дорад, зеро 14 марти соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва  мансаби  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
       Қаблан кормандони ниҳоди додситонии Тоҷикистон иди касбии худро рӯзи 14 декабр, ки ба таъсиси Прокуратураи давлатии Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, яъне ба 14 декабри соли 1924 марбут буд, таҷлил мекарданд.
 
 

Апрель 8, 2015 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст