ПСС ҶТ дар конфронси бахши тиҷорат ва сармоягузорӣ иштирок мекунад
Душанбе,14.04.2015.(АМИТ “Ховар”).- 13 апрел муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова ҳайати мушовирони намояндагии доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистонро , ки роҳбарии онро Майкл Дэли ба ӯҳда дорад, ба ҳузур пазируфт. Назар ба хабари ПСС ҶТ, мақсад аз ташрифи ҳайат муҳокимаи масъалаи расонидани ёрии техникӣ барои таҳкими тартиби тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон , ҳамчунин муҳокимаи масоили ташкилӣ барои роҳандозии конфронси байналмилалӣ оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ буд.Конфронс аз 1 то 5 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Манзура Рустамова ба намояндагони Бонки рушди Осиё дар бораи фаъолияти палатаи савдо, ки мақсад аз он дастгирии рушди равобити иқтисодии хориҷӣ бо соҳибкорони кишварҳои хориҷӣ мебошад, муфассал нақл кард. “Ҷалби сармояҳо ба баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, истифодаи судманди технологияҳо ва иртиқои рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ таъсири мусбат мерасонад”-, зикр намуд Манзура Рустамова .








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






