Рӯзи «Дарҳои кушод» дар Академияи ВКД
Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар ҳафтаи сипаригардида бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дар доираи «Барномаи ислоҳот (рушд)-и милитсия» дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи «Дарҳои кушод» баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар чорабинӣ падару модарони курсантон, 200 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернат, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва намояндагони дафтари САҲА дар Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шунавандагон ва ҳайати шахсии ин даргоҳи илму маърифат саф ороста, бо сурудани Суруди миллӣ ва гузашти низомӣ ба чорабинӣ ҳусни идона зам намуданд.
Ҳамчунин кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия машқҳои намоиширо бо маҳорати баланди касбӣ нишон дода, аз чунин намоиш курсантон ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат таассуроти бештар бардоштанд.
Сардори Академияи ВКД ҶТ Ф. Шарифзода зикр кард, ки тайи солҳои охир бо муҳайё гардидани шароити таҳсил ва омӯзиши илму маърифат шумораи довталабон ба академияи мазкур зиёд гардида, дар ин радиф фарзандони кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, ҳамчунин ятимону бепарасторон низ ба илму дониш фаро гирифта мешаванд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ Бобоназарзода Алӣ Бобоназар оид ба иҷрои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 — 2020» ва «Барномаи ислоҳот (рушд)-и милитсия барои солҳои 2014 — 2020» ибрози андеша намуд.
Дарвоқеъ, шароити кунунӣ дар академияи мазкур ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дорои имкониятҳои хуб баҳри омӯзиш ва аз бар намудани фанҳои гуманитарию ҳуқуқшиносӣ мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






