Роҳҳои ислоҳи буҳрони маънавии ҷомеа

Апрель 18, 2015 10:26

 Кӯлоб,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҳамоҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳр дар маҷлисгоҳи Мактаби президентӣ  ҷамъомади калон таҳти унвони «Буҳрони маънавии ҷомеаи муосир, омилҳои таъсиррасон ва роҳҳои ислоҳи он» баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло оид ба ин мавзӯъ чунин гуфт: «Бузургтар шудани хатари терроризм ва экстремизм аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав моро водор мекунад, ки миёни мардум корҳои оммафаҳмониро зиёд кунем ва сари андешаҳои ватанпарварона муттаҳид шавем. Дар тӯли  се моҳи охир  бори шашум аст, ки мо бо ҷавонон сари ин  мавзӯъ суҳбат менамоем. Зиёда аз ин, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нақшаи таъсиси гурӯҳҳои корӣ таҳия шудааст, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, олимону донишмандон,  шахсони обрӯманд ва аҳли зиё шомил буда, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо мардум вохӯриҳо анҷом медиҳанд. Таърих гувоҳ аст, ки моро якдиливу ягонагӣ аз муҳликтарин вартаҳо раҳонидааст ва имрӯз низ бидуни ягон таҳлука бояд атрофи ғояҳои ватанпарваронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидтар шавем ва Ватани худро аз ҳама газандҳои олам эмин дорем».
 Дар вохӯрӣ раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, раиси ҷамъияти «Пайванд» дар шаҳри Кӯлоб Зафари Мирзоён, шоира Хосият Вализода  ва сархатиби минтақаи  Кӯлоб Ҳайдар Шарифзода атрофи арзишҳои миллӣ ва суботи ҷомеа сухан намуда, аз аҳли нишаст, ки бештарашонро ҷавонон ташкил медоданд, даъват ба амал оварданд, ки ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд ва ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нашаванд.

Апрель 18, 2015 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст