СҲШ, БРИКС ва рушди устувори иқтисод

Апрель 21, 2015 08:18

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар ҳафтаи гузашта бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  видеоконфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «СҲШ ва БРИКС чун омили устуворӣ ва болоравии иқтисодиёти ҷаҳонӣ» доир гардид. Дар он устодону донишҷӯёни Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон, Маркази авруосиёии «Самрау» ва филиали Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия дар Челябинск ширкат варзиданд.
Дар  онлайн-конфронс ректори донишкада Ашурбой Солиев, декани факултаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Н. Попов, профессори кафедраи муносибатҳои молиявӣ — қарзии байналхалқӣ Л. Саидмуродов сухан гуфта, зикр намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷомеаҳои илмиро муттаҳид намуда, барои густариши робитаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Меҳтархон Содиқов, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ — қарзии байналхалқӣ ва донишҷӯёни факултаи  муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ вобаста ба мавзӯи матраҳгардида маърӯзакарданд.

Апрель 21, 2015 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст