Сафари ҳайати ҳукуматӣ бо сарварии Азим Иброҳим ба ноҳияи Файзобод

Апрель 3, 2015 18:27

Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз тахминан соатҳои 13:10 дақиқа дар деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод бар асари офати табиӣ — лағзиши як теппа тахмин даҳ нафар сокинони ноҳия, ки барои кашидани хатти оби нӯшокӣ кор мебурданд, зери хок мондаанд.
 
Комиссияи ҳукуматӣ бо дастури Сарвари Давлат Эмомалӣ  Раҳмон таҳти сарварии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳирм ҳоло дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, баҳри рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар ҳайати комиссияи мазкур намояндагони тамоми сохторҳои давлатӣ шомил буда, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ин офат ва расонидани кумак ба зарардидагон чораҷӯӣ мекунанд.
Аз рӯи маълумоти расмӣ то ҳол исми даҳ нафар аз зерихокмондагон ошкор шуда, ҷасади ду нафари онҳо аз зери хок берун бароварда шудааст. Ҷустуҷӯи нафарони дигар ва корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома дорад.

Апрель 3, 2015 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст