Се медали тиллои боксчиёни ҷавони тоҷик
Душанбе,24.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Боксчиёни ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Олмон се медал — як медали тиллоӣ ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Назар ба хабари Кумитаи милии олимпӣ дар шаҳри Филлинген- Швеннингени Олмон мусобиқот аз рӯи бокс барои дарёфти ҷоми Швартсвалд баргузор гардид. Дар он варзишгарони бисёр кишварҳои Аврупо ва аз минтақаи Осиё танҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷамшед Раҳимов иштирок доштанд.
Меҳроб Ҳомидов дар вазни то 44 кг байни наврасони синнашон то 15 ҷойи аввалро ишғол намуда, бо медали тиллоӣ мукофонида шуд. Ашӯралӣ Нурмуҳаммад дар вазни то 60 кг байни наврасони синашон то 17 ва Муҳаммад Раҳмиов дар вазни 33 кг байни наврасони синнашон то 13 медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






