Ш. Зуҳуров дипломати швейтсариро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Равобити ҳасанаи Тоҷикистон ва Швейтсария дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Мауро Рейна — сафири мухтор ва фавқулодаи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мауро Рейна 13 апрел дар Душанбе баррасӣ шуд. Шукурҷон Зуҳуров -раиси палатаи поёнии кишвар гуфт, ки муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Швейтсария дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ, ки ба имзо расидаанд, ба роҳ монда шудааст. Ду кишвар дар масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ ва амниятӣ мавқеи муштарак дошта, ин иштироки онҳоро дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба ҳам наздик месозанд. Алҳол байни ду давлат беш аз 10 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расидааст, ки ин ҳуҷҷатҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро фаро мегиранд. Ш. Зуҳуров аз фаъолияти Парлумони Тоҷикистон сухан карда, гуфт, ки Парлумони Тоҷикистон тӯли солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст. Дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Швейтсария низ барои истифода аз таҷрибаи касбкардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд. Дипломтаи швейтсарӣ аз сатҳи ҳамкории кишвараш бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуда,гуфт, ки кишвараш омода аст, ҳамкориҳои гуногунсоҳа, бахусус ҳамкориҳои байнипарлумониро бо Тоҷикистон густариш диҳад. Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ матраҳ гардиданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






