Ширкати ФФТ дар Конгресси 26-уми КФО
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё, ки 30-юми апрел дар пойтахти Баҳрайн — Манама баргузор мегардад, ширкат меварзанд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Конгресс намояндагони ҳамаи федератсияҳои миллии футболи қораи Осиё иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ба ҳайати Тоҷикистон Хуршед Мирзоев, ноиби аввали президенти ФФТ, Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ ва Дилшод Ҷӯраев, узви кумитаи иҷроияи ФФТ ва раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дохиланд.
Бояд гуфт, ки Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн, ки аз соли 2013 роҳбарии Конфедератсияи футболи Осиёро ба зимма дорад, ягона номзад ба вазифаи президенти AFC мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






