Сидқ мебояд ба ҳар коре, ки ҳаст… ё худ назаре ба фаъолияти профессор Мурод Муродов

Апрель 29, 2015 16:21

Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ “Ховар”).-Вақте ба зиндагинома ва фаъолияти шахсияти маъруфу муваффақе ошно мешавед, чунин ба назар мерасад, ки Офаридгор ин шахсро махсус барои ҳамон касбу ҳунар ё шуғлу кор офаридааст. Гўиё зиндагиву фаъолияти чунин касон берун аз ин ҷода моҳияте надорад. Ман ин ҳолатро борҳо ба мушоҳида гирифтаву дар воқеият дидам. Аз ҷумла, нисбат ба ҳамкору ҳампешаам — доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Бердиевич Муродов чунин андеша дорам. Худованд ин касро барои муҳаққиқӣ, муаллимӣ, роҳнамоӣ офаридааст. Зиндагинома ва фаъолияти профессор Мурод Муродов барои атрофиёну ҳамкоронаш аслан чун як мактаб аст. Мактаби омўзиш, мактаби худшиносӣ, мактаби иродатмандӣ дар роҳи мақсуд…Чун ба фаъолияти илмиву таълимии муҳаққиқ Мурод Муродов назар меандозед, махсусияти онро ба осонӣ пай мебаред. Агар гўям, ки тамоми фаъолияти таҳқиқӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва ташкилотчигии ин дўсти донишманди пуркорамро ба хубӣ медонам, беасос нест. Аз ин рў кўшидам, ки профессор Мурод Муродовро аз диди худам муаррифӣ кунам. Мардуми тоҷик аз азал ба Сухан ва Қалам эътимоду эҳтиром доранд. Муҳаббат ба сухану суханварӣ, қаламу қаламкашӣ барои қаҳрамони мо низ чун як фарзанди худогоҳу худшиноси ин миллат ирсист. Ва дар ҳамин рўҳия ҳам тарбияи хонаводагӣ гирифтаву ҳам тарбияи мактабӣ. Кўшидааст, ки суханварону қаламкашонро худ шиносаду ба дигарон ҳам шиносонад, чӣ гуфтану чаро гуфтан ва кай гуфтани онҳоро ба насли нави мо фаҳмонад. Талошаш ҳадафмандонаву бомаром аст. Соҳаеро, ки таҳқиқу баррасӣ мекунад ва таълим медиҳад, худ аввал хуб омўхтааст. Ва дар ин роҳ аз муаллимони мактабиву донишгоҳияш ҳамеша бо муҳаббату самимият ёд меорад, заҳмати эшонро дар ташаккули шахсияти хеш зикр мекунад. Чун аз ин муқаддимаи сухан пай бурдед, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов ба суханшиносӣ ва қаламкашӣ сари кор мегирад. Профессор Мурод Муродов муҳаққиқи журналистика, муаллими журналистика, роҳнамои соҳибназару соҳибмактаби муҳаққиқони журналистика ва публисисти соҳибқаламу сухандон аст. Олиме, ки таҳқиқаш илм, таълимаш самар, роҳнамоияш баракат, суханаш вазн публисистикааш ҳадафи созанда дорад. Ин ҳама дар маҷмўъ симо ва шахсияти профессор Мурод Муродовро муаррифӣ месозад. Баробари хатми Донишгоҳи миллӣ (он замон давлатӣ)-и Тоҷикистон донишу маҳорати шогирди худро ба эътибор гирифта, устодони ҷовидном Воҳид Асрорӣ ва Пайванди Гулмуродзода мавсуфро ба аспирантура дар риштаи журналистика тавсия доданд. Ва дар шинохти ин шогирд иштибоҳ накарданд. То дохилшавӣ ба аспирантура Мурод Муродов дар истеҳсолот, хизмати ҳарбӣ ва таълими насли наврас таҷриба дошт. Зиндагиву фаъолияти баъдинаи Муродбеки ҷавон ба донишгоҳ пайванд гирифт. Чун дар роҳи илму дониш иродаи қавӣ дошт, мушкилоти давр ўро аз ин ҷода берун карда натавонист. Ҳамин иродатмандӣ буд, ки Мурод Муродов тавфиқ ёфту комёб гардид. Ба қавли Шайх Саъдӣ:Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад,Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.Дар муддати муқарраршуда тавонист, ки рисолаи номзадии худро дифоъ кунад. Он замони мушкилиҳо ин дифоъ на танҳо барои муаллиф, балки тамоми аҳли факултети журналистика комёбии муҳим буд. Мавзўи таҳқиқи илмияш ба ташаккули жанри тақриз дар матбуоти солҳои 20-уму 30-юми асри ХХ бахшида шуд. Муқарризону муҳаққиқони соҳа ба кори илмиаш баҳои баланд доданд. Аммо Муродбеки ҷавон афсўс мехўрд, ки дар чунин рўзи хуш дар паҳлуяш роҳбару роҳнамояш профессор Воҳид Асрорӣ (ҳамагӣ 2 ҳафта пеш аз ҳимояи шогирд ба раҳмати Ҳақ пайвастанд) нестанд…Мурод Муродов соли 1996 баъди ҳимояи муваффақона фаъолиятро ба ҳайси муаллими кафедраи матбуот, муовини декани факултети журналистика оид ба илму тарбия оғоз кард. Аз аввалин рўзҳои фаъолияти устодиву ташкилотчигӣ муҳаққиқи ҷавон худро дар байни ҳамкорон ҷиддиву собитқадам нишон дод. Усули таълими муаллими ҷавон Мурод Муродов писанди шогирдон гардид. Ҳамин буд, ки баъди чанде муовини декан оид ба таълим таъйин гардида, малакаву маҳорати худро дар самти танзими низоми таълим низ сайқал дод. Соли 1999 аҳли кафедраи матбуот муҳаққиқи ҷавон Мурод Муродовро якдилона мудири кафедра интихоб карданд ва ин тасмими аҳли кафедраро Шўрои олимони донишгоҳ низ ба хушӣ пазируфт. Дар фаъолияти донишгоҳии муаллим ва муҳаққиқи ҷавон саҳифаи наве боз гардид. Аввалин иқдоме, ки Муродбеки ҷавон дар вазифаи мудири кафедра пеш гирифт, ин ба донишҷўён пешниҳод кардани дастуру васоити таълим буд. Қаблан аксари маводи таълимӣ оид ба журналистика бо забони русӣ буду адабиёти тоҷикӣ ангуштшумор. Муаллим Мурод Муродов ин иқдомро аз кафедра оғоз карда, онро барои худ ба анъана табдил дод. Ва дар самти таълифи китобу дастур, васоити таълим Мурод Муродов на танҳо анъанаи устодон Асадулло Саъдуллоев, Абдусаттор Нуралиев, Иброҳим Усмоновро идома дод, балки бо онҳо ҳамқадам гардид. Ба гунаи мисол метавон аз чунин китобҳои таълимии навиштаи муаллим Мурод Муродов ном бурд: «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист» (ҳаммуаллиф), «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист» (қисми 1-2), «Луғати мухтасари истилоҳот ва мафҳумҳои рўзноманигорӣ», «Сотсиологияи журналистика», «Аз замон то замон», «Асосҳои эҷоди журналистӣ», «Аз се шохаи як илм»… Аз ин осори таълимӣ имрўз на танҳо донишҷўёни журналистшавандаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, балки кормандони эҷодии воситаҳои ахбори омма низ истифода мебаранд. Дар баробари таълими шогирдон, муаллим Муродов ҳаҷви публисистиро мавриди пажуҳиши худ қарор дода, самти наверо дар илми журналистикаи тоҷик кушод. Дар ин шохаи илми тоҷик то муҳаққиқ Муродов касе ба масъалаву муаммоҳои таъриху ташаккули ҳаҷви публисистӣ даст назадааст. Ҳосили таҳқиқоти илмии пажўҳишгар дар шакли рисолаи докторӣ дар соли 2009 бомуваффақият ҳимоя шуд ва сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии ИЖТ гардид. Аҳли таҳқиқ бо осори илмии мавсуф бо номи «Тақриз ҳамчун жанр», «Ҳаҷви публисистӣ», «Баъзе масъалаҳои журналистика ва ҳаҷви публисистӣ», «Аз таърихи ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публисистӣ дар матбуоти даврии тоҷик» ва «Ҳаҷви публисистӣ дар матбуоти даврии тоҷик: муаммоҳои таърих, назария ва амалия» (бо забони русӣ) шиносанд. Ин таҳқиқот дар ҳақиқат самти наве дар илми публисистикаи тоҷику муаллиф дар ин ҷода соҳибмактаб шинохта шуд. Фармудаи барҳақи Мавлоно Ҷомӣ муаллиму муҳаққиқ Мурод Муродовро илҳомбахш будааст:Сидқ мебояд ба ҳар коре, ки ҳаст,То фитад домони мақсудат ба даст.Дигар аз самтҳои фаъолияти профессор Мурод Муродов ин роҳнамоии муҳаққиқони ҷавони журналистика мебошад. Агар касе дар ҷумҳурӣ дар 15 соли охир дар риштаи журналистика рисола дифоъ карда бошад, пас ҳатман аз маслиҳату машварати профессор Муродов баҳравар гардидааст. То кунун 7 нафар таҳти роҳбарии эшон рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, 5 нафари дигар дар ин самт пайи таҳқиқанд. Дар баробари худ соҳибмактаб будан, ба даҳҳо муҳаққиқони дигар дасти ёриву маслиҳат додааст. Дар муҳокимаи рисолаҳои илмӣ хеле ҷиддӣ буда, камтарин иштибоҳи илмиро нодида намегирад. На танҳо эрод мегирад, балки дар нақшагирии мавзўю рисола, бартараф кардани иштибоҳоти илмӣ ба муҳаққиқони ҷавон беғаразона роҳнамоӣ мекунад, таҳқиқоти чандин нафарро ба сифати муқарризи расмиву ғайрирасмӣ арзёбӣ кардааст. Профессор Мурод Муродов чун узви Шўрои диссертатсионии ДМТ оид ба ихтисосҳои филологӣ аз талаботу навгониҳои КОА-и ФР пайваста ба ҳамкорон маслиҳат медиҳад. Беҳуда нест, ки дар ғайбаш ба аспирантон мегўянд, ки агар аз муҳокимаи муаллим Муродов гузаштӣ, пас корат бомуваффақият дифоъ мешавад. Профессор Мурод Муродов 12 сол ба кафедраи матбуоти факултети журналистика уҳдабароёнаву сарбаландона роҳбарӣ кард. Ҳар комёбие, ки ин кафедра имрўз дорад, бо ном ва фаъолияти профессор Муродов тавъам аст. Профессор М. Муродов дар муддати 10 соли охир ба сифати раиси Шўрои методии факултет, узви Шўрои методии Донишгоҳ фаъолияти мондагореро анҷом медиҳад. Пеш аз ҳама дар такмилу танзими нақшаву барномаҳои таълимӣ, таҳияву баррасии воситаву дастурҳои таълимӣ, ҷоришавии усулҳои муосири таълим нақши созанда дорад. Ҳамкорон, ба хусус устодони ҷавон пайваста аз маслиҳату машварати методиву таълимиаш истифода мебаранд. Маҳз бо ибтикороти мавсуф миёни шогирдон доир ба ҳусну қубҳи усулҳои таълим, маҳорати дарсдиҳии устодон назарпурсиҳо сурат гирифта, мавриди баррасии садорат ва ҳайати устодони факултет қарор мегиранд. Ва муҳимтар он аст, ки муаллим Муродов худ дар баробари устоди сахтгир будан, ҳар дарсро бо маҳорату тайёрии махсус мегузарад, беҳтарин усулҳои таълиму тарбияро истифода мебарад. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳамкорон дар симояш ҳамкори маслиҳатгару мушкилкушо, шогирдону устоди донишманду меҳрубонро мебинанд. Фаъолияти публисистии профессор Мурод Муродов низ барои ҳамкорону аҳли таҳқиқ намуна аст Мавсуф пайваста доир ба сиёсати маорифпарваронаи Сарвари Давлат, дастовардҳои замони истиқлол, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, арзишҳои маънавӣ ва амсоли ин аз тариқи воситаҳои ахбори омма андешаҳои худро баён медорад. Дар публисистикаи муҳаққиқ Муродов муаммову мушкилоти таълиму тарбия мавқеи марказиро ишғол мекунанд. Ва суханаш созандаву ҳадафмандона аст, дар он пайванди дирўзу имрўз ва пешомади фардо бо ҳам омадаанд.Дар баробари ин ҳама профессор Мурод Муродов ба ҳайси мудири шуъба дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг низ ҳамкорӣ карда, корҳои шоёнеро дар ин муассисаи таҳқиқотӣ анҷом додаву доданист. Маҳфилу чорабиниҳои илмиву фарҳангие, ки бо ибтикори мавсуф дар ин муассиса сурат мегиранд, бозгўйи талошҳои созандаи эшон аст. Аълочии матбуот ва фарҳанг, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродов ба синни мубораки 50 қадам мениҳад. Ман ин ҷашни фархундаро аз номи дўстону ҳамкорон ва шогирдон самимона муборак мегўям. Умед мекунам, ки ин қулла профессор Мурод Муродовро ба қуллаҳои нави мурод роҳнамоӣ созад. Сангин Гулов, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Апрель 29, 2015 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ ГАРДИД. Акнун тарбияи кӯдак аз ҷониби се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа амалӣ мешавад
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд