Сохтмони аввалин бинои панҷошёна дар Восеъ

Апрель 25, 2015 10:27

Кӯлоб, 25.04.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти гуногуни маданию маишӣ- хизматрасонӣ ва биноҳои маъмурӣ вусъати тоза касб мекунанд. Дар баробари ин соҳибкорони маҳаллӣ бо дастгирии ҳокимияти давлатӣ ба сохтмони хонаҳои баландошёна шуруъ намуданд. 
Соҳибкор Абдулазиз Қурбонов дар маркази ноҳия сохтмони аввалин бинои панҷошёнаи истиқоматиро оғоз намуд, ки мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи аввали он маркази савдо ва хизматрасонӣ ва дар чор ошёнаи дигар  хонаҳои истиқоматӣ бунёд мегардад. Хонаҳо аз 2 ва се ҳуҷрагӣ иборат мебошанд. 
Ба қавли соҳибкор  Абдулҳафиз Қурбонов дар айни замон корҳои заминӣ ба охир расида, рехтани таҳкурсии бино ва корҳои оҳану бетонӣ идома доранд. Соҳибкор ният дорад, ки баъди ба анҷом расидани бинои мазкур дар шафати он боз як бинои дигари панҷошёна бунёд намояд.  
 
 
 
 

Апрель 25, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст