Созишномаи навбатӣ бо Кипри шимолӣ
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Чанд рӯз қабл бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ректори донишкада Ашурбой Солиев бо доктор Меҳмет Алӣ Юкселен, ректори Донишгоҳи аврупоии Лефкеи Кипри Шимолӣ ва Каролина Смокина, муовини ректори ҳамин донишгоҳ вохӯрии судманд доир намуд.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ректор ба меҳмонон доир ба фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва равобити хориҷии донишкада, сохтор ва ихтисосҳои он маълумоти муфассал дод.
Меҳмет Алӣ Юкселен зикр намуд, ки муассисаи таълимии онҳо ният дорад бо ДМИТ ҳамкории густурдаро дар самти зинаҳои бакалаврият ва магистратура ба роҳ монад. Дар мулоқот созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар самти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва фарҳангӣ аз тарафи ҳар ду муассисаи таълимӣ ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки ДМИТ бо макотиби олии ин кишвар таҷрибаи ҳамкории устувор дар ҷодаи мубодилаи донишҷӯён дорад, зеро ду нафар донишҷӯи донишкада Малика Раҷабова, донишҷӯи курси 3, факултети ҳисобдорӣ ва омор ва Муҳаммад Шоев, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз дар Донишгоҳи шарқии Баҳримиёназамини Кипри Шимолӣ дар зинаи бакалавр дар муддати як семестр таҳсил намуда, ба ватан баргаштанд.
23-24 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Шератон» 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ-туристӣ ва инноватсионӣ (НБТТИ-2015) доир мегардад, ки дар он донишгоҳи мазкур низ дар баробари дигар макотиби олии хориҷӣ муаррифӣ мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






