Созишномаи навбатӣ бо Кипри шимолӣ

Апрель 21, 2015 08:19

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Чанд рӯз қабл бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  (ДМИТ) ректори донишкада Ашурбой Солиев бо доктор Меҳмет Алӣ Юкселен, ректори Донишгоҳи аврупоии Лефкеи Кипри Шимолӣ ва Каролина Смокина, муовини ректори ҳамин донишгоҳ вохӯрии судманд доир намуд.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева  ректор ба меҳмонон доир ба фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва равобити хориҷии донишкада, сохтор ва ихтисосҳои он маълумоти муфассал дод.
Меҳмет Алӣ Юкселен зикр намуд, ки муассисаи таълимии онҳо ният дорад  бо ДМИТ ҳамкории густурдаро дар самти зинаҳои бакалаврият ва магистратура ба роҳ монад. Дар мулоқот созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар самти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва фарҳангӣ аз тарафи ҳар ду муассисаи таълимӣ ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки ДМИТ бо макотиби олии ин кишвар таҷрибаи ҳамкории устувор дар ҷодаи мубодилаи донишҷӯён дорад, зеро ду нафар донишҷӯи донишкада Малика Раҷабова, донишҷӯи курси 3, факултети ҳисобдорӣ ва омор ва Муҳаммад Шоев, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз дар Донишгоҳи шарқии Баҳримиёназамини Кипри Шимолӣ дар зинаи бакалавр дар муддати як семестр таҳсил намуда, ба ватан баргаштанд.
 23-24 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Шератон» 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ-туристӣ ва инноватсионӣ (НБТТИ-2015) доир мегардад, ки дар он донишгоҳи мазкур низ дар баробари дигар макотиби олии хориҷӣ муаррифӣ мешавад.
 
 

Апрель 21, 2015 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад