Суғд: Ҷамъбасти озмуни “Кайҳон аз нигоҳи ман”
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ озмуни вилоятии расмкашӣ дар мавзӯи “Кайҳон аз нигоҳи ман” гузаронда шуд. Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ба озмуни вилоятӣ ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Б.Ғафуров, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Мактаби бачагонаи рассомӣ, Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Хуҷанд корҳои эҷодии худро пешниҳод намуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳакамон бо роҳбарии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, директори артгалереяи “Сомониён”-и шаҳри Хуҷанд Ғафурҷон Ҷӯраев баъди азназаргузаронии корҳои эҷодии иштирокчиён ва саволу ҷавоб бо муаллифони расмҳо ҷойҳои ифтихориро муайян намуданд.
Ба 19 нафар ғолиби озмун дипломҳои дараҷаи якум, дуюм, сеюм ва туҳфаҳои хотиравии раёсати маорифи вилоят супорида шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






