Суғд: нигаронӣ аз афзоиши ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ

Апрель 14, 2015 15:31

Хуҷанд, 14.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Сар аз соли равон дар шимоли кишвар назар ба ҳамин давраи соли гузашта содиршавии  ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ рӯ ба афзоиш аст. Тавре ки  ба АМИТ “Ховар” корманди БДА Раёсати ВКД  ҶТ дар вилояти Суғд Д.Ализода иттилоъ дод, дар давоми 3 моҳи соли 2015 дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилоят 85 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 32 нафар ба ҳалокат расида, 94 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Дар натиҷаи муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда теъдоди садамаҳо 24 ҳодиса зиёд гашта,  шумораи халокшудагон 7 нафар ва ҷароҳатбардоштагон 27 нафар афзудааст.
Инчунин ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон низ тайи 3 моҳи соли равон 16 адад (2014 — 16) рух дода, бар асари он шумораи фавти кӯдаку наврас 2 адад кам ба қайд гирифта шуда (2014 — 6), вале теъдоди ҷароҳатбардоштагон 3 адад афзудааст, ки ин нишондод соли 2014 ба 11 адад баробар буд, — афзуд манбаъ.  

Апрель 14, 2015 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст