Суғд: таъсиси 28 коргоҳи нав аз оғози сол

Апрель 16, 2015 14:35

Хуҷанд, 16.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Суғд аз 170 коргоҳи мувофиқи нақша дар соли равон сохташаванда, алъон 28 коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ намуд, ки аксари он корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабук ба ҳисоб мераванд. 
Дар ин замина дар вилоят бунёди як силсила корхонаҳои калон, аз қабили сохтмони корхонаи истеҳсоли сементи “Ғаюр-семент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол, комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1300 ҷойи корӣ, корхонаи “Броадтек”  дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ «Нуқрафом» дар шаҳри Истиқлол бо маром идома доранд. Ҳамчунин корҳои танзимиву озмоишӣ дар коргоҳи дуюми заршӯйии КМ ”Зарафшон”  бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан ҷараёни хуб дошта, натиҷаҳои аввалини мусбат ба даст омада истодаанд.
Ҳамзамон аз оғози сол дар умум аз ҷониби коргоҳҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 905,7 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. 
Вобаста ба ин бояд зикр намуд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ вилояти Суғд аз рӯйи суръати рушди саноат, ки он соли равон бо нархҳои муқоисавӣ ба 127,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 122,7 фоиз баробар шудааст,  дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи аввалро касб намуд. Вобаста ба ин ҳиссаи саноати вилояти Суғд  дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ба 36% баробар гардидааст, ки  он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,6 ченаки фоизӣ зиёд аст.
 
 

Апрель 16, 2015 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст