ТҶММ — як ҷузъи раванди рушди миллӣ
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурӣ Анҷумани 6-уми Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Шӯрои амният, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат, инчунин ҳайатҳои намояндагии созмонҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд. Дар Анҷуман бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи овоздиҳии кушода аз ҷониби вакилон генерал-майор Файзалӣ Лангариев ба вазифаи раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои заминаи мустаҳками моддӣ — техникӣ, анъанаҳои пуршарафи тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ буда, ҳамасола барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасб гардонида, барои мудофиаи Ватан сафарбар менамояд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






