Тағйироти кадрӣ дар шаҳрдории Душанбе

Апрель 3, 2015 08:32

Душанбе, 3.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар шаҳрдории Душанбе тағйироти кадрӣ ба амал омад. Бо Қарори марбутаи шаҳрдорӣ Ҷамшед Мансуров аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе озод карда шуда, ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» таъин гардид. Инчунин собиқ сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» Низомуддин Холматов директори Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ» таъин шуд.
Ҳамзамон Фозил Буриев, ки то ин вақт мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии  дастгоҳи раиси шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш барканор гардида, инчунин  Нуриддин Қурбонов — сардори Муассисаи давлатии истифодабрии роҳҳои ноҳияи Сино таъин шуд, у қаблан дар вазифаи директори КВД «Роҳсоз» фаъолият дошт.
Инчунин Мамадназар Мамадорифов бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе» озод шуда, ба ин симат Абдулхайр Алиев таъин карда шуд. 
 

Апрель 3, 2015 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст