Тақдими техникаи кишоварзӣ ба навоҳии Хатлон

Апрель 7, 2015 13:44

Душанбе, 7.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ҳамоҳангсозӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси зерлоиҳаҳои аз ҷониби ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ пешниҳодгардида ба ноҳияи Муъминобод 12 адад трактори тамғаи МТЗ, як адад нақлиёти борбардор, 10 адад испор, 8 адад ядак ва 74 адад сихмола, барои ноҳияи Шӯрообод 8 адад трактори тамғаи МТЗ, 4 адад ядак, 8 адад испор, 2 адад ғаллакӯбак ва 28 адад сихмола дастрас гардида, барои истифода супорида шуд. Инчунин  ба ноҳияи Темурмалик 14 адад трактори тамғаи МТЗ, 13 адад ядак, 14 адад испор, 5 адад ғаллакӯбак ва 34 адад сихмола супорида мешавад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳо боз дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа корҳои зарурӣ амалӣ шаванд, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамоянд. 
Мавриди зикр аст, ки ҳадафҳои асосии лоиҳаҳо —  мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, инчунин тараққиёти устувори захираҳои замин, рушди инфрасохтори истеҳсолии деҳот, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ буда, ба ҳадафҳои асосии давлату ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мувофиқат менамоянд.

Апрель 7, 2015 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст